Паём – Роҳкушо

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод бо иштироки Раҷабзода Маҳмадсаид – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва раиси Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод  вохурии судманд бо фаъолони Ҷамоат  гузаронида шуд.

     Раҷабзода Маҳмадсаид – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  оид ба дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, ки дар Паём ироа гардида буданд, бо шарҳу тавзеҳот ба маълумоти ҳозирин расонид.

Раиси ҷамоат Сафарзода Сулҳиддин вобаста ба ғамхории Сарвари Давлат нисбати кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ суханронӣ намуданд.

      Сатторзода Шамсулло – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 дар суханронии худ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёдшавии маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва нафақа, ки иқдоми навбатии Ҳукумати мамлакат дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад, ба шунавандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.