ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 9.01.2023 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ҷамоати шаҳраки И. Сомонии ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ, натиҷагирӣ аз нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Собиров Далер ва Асроров С муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва аъзоёни ташкилоти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб, масъалаҳои ташкилӣ ва тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта ҳамзамон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба халқи заҳматпешаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву бунёдкорона барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ватанадўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромуш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар фарҷом масъулони Кумиаи иҷроияи ҲХДТ тазаккур дода, ибрознамуданд, ки аъзоёни ҳизбӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.