ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВОХӮРИИ СУДМАНД ДОИР КАРДА ШУД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-январи соли 2023 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-12-2022 сол, таҳти мавзӯи Нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор намуд.

Боиси қайд аст, ки масъулин дар вохӯрӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳамзамон гуфта шуд, ки Паём ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи халқ раҳнамо ва дастури муҳим буда, татбиқи босамари он омили пешрафти мамлакат хоҳад буд.

Зимнан ҳисоботи котиби ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2023, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ  аз ҷониби иштирокчиёну аъзоёни ҳизб шунида шуд.          

Дар фарҷом муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тазаккур дода, иброз намуд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Заргар” баҳри дар амал тадбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.