БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ ТАҚВИМИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №5-и ноҳия бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: "Пешгирии пайравии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав", “Вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон” “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ”ва нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар гузаронида шуд.