ТУҲФАҲОИ ИДОНА БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 61-и нақшаи корӣ-2022 «Расонидани кумакҳои моддию пулӣ ба эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ятимон, маъюбон ва камбизоатон» бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» дар арафаи Соли нави мелодӣ-2023 ба мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус, туҳфаҳои идонаи маводи ғизоӣ ва моддӣ расонида шуд.

Ин иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» минбаъд низ идома дода шуда, ба шахсони ятиму бепарастор, маъюбу барҷомонда робитаҳои марбут ба дастгирӣ ва хайру сахо тақвият бахшида мешавад.