НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ ДАСТРАС ГАРДОНИДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми декабри соли 2022 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳамсар ва парастори маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дар арафаи Соли нави мелодӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз ин ғамхориҳо ин шахси маъюб бисёр руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти олии мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт ва дуои нек дод.