ШИНОСОИИ ҶАВОНОН АЗ ШАРОИТИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

24 декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус, чорабинии идона бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ -2023 дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ ҳозирин ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимие, ки дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, аз шарту шароити хизмати ҳарбии сарбозон дидан намуданд. Ба онҳо ҷойи хоби сарбозону ошхонаи қисми ҳарбӣ нишон дода шуд. Баъд аз шиносоӣ аз буду боши сарбозон ва шароити хизмат дар қисми низомӣ аксарияти ҷавонписарон ваъда доданд, ки пас аз хатми мактаб ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи шаҳрвандии хешро дар хизмати содиқонаи Ватан-Модар адо менамоянд.