ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 24 декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус, чорабини идонаи варзишии волейбол  бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ- 2023 дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар бозии  шавқовари варзишии волейбол  сарбозону ҷавонон ширкат варзида, байни ҳам рақобат карданд. Лозим ба ёдоварист, ки  мақсад аз баргузории чорабиниҳои варзишӣ миёни ҷавонон  тарбияи онҳо дар   руҳияи баланди ватансозӣ,  дӯст доштани  сарзамини аҷдодиамон ва пешгирӣ аз ҳар  гуна амалҳои номатлуб арзёбӣ мегардад.  Дар натиҷаи анҷоми бозии волейбол дастаи ғолиб аз ҷониби доварон муайян гардида, дастаи ӯолиб ба туҳфаҳои идона ва Сипосномаҳои таъсисидодаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус сарфароз гардонида шуданд.