АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Расонидани кӯмаки моддию маънавӣ, инчунин аёдати шахсони бемор, пирони рӯзгордида ва оилаҳои бесаробону камбизоат дар арафаи таҷлили ҷашну анъанаҳои миллӣ аз суннатҳои неки ниёгонамон буда, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст ва аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар мақомотҳо дар ин самт ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба арафаи соли нави мелодии 2023 ба оилаҳое, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ дар Қирғизистон баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтаанд, мулоқоту вохӯрӣ доир карда шуд.

Бо ин мақсад дар таърихи 17-уми декабри соли равон узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона оилаи сарбози шаҳидгаштаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён Холов Раҳмиддин Ҳасановичро бо мақсади ҳамдарди баён намудан аёдат карда, бо маводҳои ғизоӣ кӯмак намуданд.

Раиси ноҳия ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ин оиларо бо соли нави мелодӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки хотираи неки шаҳидонро  ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша ба оилаҳои онҳо дасти кӯмак дароз менамоянд.