ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ШУДА ИСТОДААНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатманд бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” роҳҳои  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори марказӣ”-и ноҳия сафолакпӯш  карда шуданд, ки ташаббуси мазкур саривақтӣ ва намунаи ибрат мебошад. Мардуми сарбаланди ноҳияи Фархор аз ин ободкорӣ шоду мамнун гашта, тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ чунин корҳои ободонию созандагиро дар ҳудуди ноҳия мунтазам ба роҳ монда, дар пешрафту тараққиёти як гӯшаи диёр саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Зимнан, дар ташкилоти ибтидоии мазкур корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.