ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 09.12.2022 дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Кӯшониён чорабинии сиёсиӣ бахшида ба 28-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон таҳти унвони “Мо ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон ҳастем” бо иштироки собиқадорони ҳизб, аъзои фаъоли ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор  гардид.

Зимни чорабинии болозикр директори муассисаи таълимӣ Ширинзода Б вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии шаҳрвандони кишвар ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд. 

Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон аз афкору эътиқоди мвҷудаи сиёсӣ, аз ҷомеаи кишвар бартариҳои зикршударо замонегирифта ба раванди амалкард вогузор намуд, ки онҳо ҷавобгуи хостаҳои милии мардум маҳсуб ёфта, пешрафти бомароми давлат ва суботу оромии сиёсиро дар ҳама сатҳои ҷомеа таъмин кардааст.