ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 08.12.2022 дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ”-ии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Кӯшониён чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 28-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон-ҳизби пешоҳанг” бо иштироки собиқадорони ҳизб, аъзои фаъоли ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор  гардид.

Зимни чорабинии болозикр муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар ноҳияи Кӯшониён Асроров Саидшо ва раиси ташкилоти ибтидоии “Мактаби Президентӣ” Қодири И.М. вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти милии шаҳрвандони кишвар  ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд. 

Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон аз афкору эътиқоди мавҷудаи сиёсӣ, аз ҷомеаи кишвар бартариҳои зикршударо замоне гирифта, ба раванди амалкард вогузор намуд, ки онҳо ҷавобгӯи хостаҳои миллии мардум маҳсуб ёфта, пешрафти бомароми давлат ва суботу оромии сиёсиро дар ҳама самтҳои ҷомеа таъмин кардааст.

Дар фарҷоми чорабинии ҳизбӣ як қатор ҷавонони фаъол ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳодатномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.