ҲАМОИШИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 08.12.2022 дар толори Коҳи фарҳангӣ ноҳияи Кӯшониён ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон-ҳизби пешоҳангӣ ҷомеа” Ҳакимзода Миҷгона -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар ноҳияи Кӯшониён, муовини аввали раиси ноҳия Иброҳимзода Амриддин ва муовинони раиси ноҳия Қаҳорзода Нурмаҳмад, Шукрулозода Дилафруз, вакилони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзои фаъоли ҳизб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-10-уми декабр”, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии сокинони кишвар доир карда шуд.

Дар ҳамоиши болозикр Ҳакимзода Миҷгона-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар ноҳияи Кӯшониён, муовини аввали раиси ноҳия Иброҳимзода Амриддин, Ҳиҷи Ҳотам-собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар ноҳияи Кӯшониён вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии шаҳрвандони кишвар  ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд. 

Дар ҳамоиши ҳизбӣ аъзоёни фаъоли ҳизбӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардонида шуданд ва ба як қатор ҷовонони фаъоли ноҳия шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони халқии Тоҷикситон барномаи консертӣ ҷиҳати болидаруҳии аъзоёни ҳизб баргузор карда шуд.