ОЗМУНИ "ИНШОИ БЕҲТАРИН" БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асосои нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба таъсисёбии 28-умин солгарди Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон зери унвони «Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон – қутбнамои ҷавонон» озмуни "Иншои беҳтарин" миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия гузаронида шуд. Мақсад аз озмуни мазкур баланд бардоштани маърифати савияи дониши хонандагон, ба ин васила муаррифии бештари ҲХДТ ва саҳми арзандаи он дар ташаккули ҷавононро ташкил дода, дар сатҳи олӣ доир ва ҷамъбаст карда шуд.

Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба Cипоснома ва туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ин санаи фархунда озмунҳо ва чорабиниҳои идона идома доранд.