АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре медонем, ҷавонони соҳибиқболи даврони истиқлолият имрӯз дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор доранд. Зеро нақши ҷавонон дар тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб басо баланд арзёбӣ мегардад. Ҳамарӯза ба Кумитаи иҷроиияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик аз тарафи шаҳрвандон ва ҷавонони болаёқат барои ба сафи ҳизб дохил шудан муроҷиат карда мешавад. Қобили қайд аст, ки имрӯз аксарияти аъзоёни ин ҳизбро ҷавонони бонангу номус ва шарафанд кишвар ташкил медиҳанд, ки ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Зимни суҳбат сокинони ноҳияи Темурмалик, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия муроҷиат ба сафи аъзои ҳизб дохил шуданро доранд, бо як ифтихори баланд оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷассумгари сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат баён намуда, ба аъзогӣ қабул ва соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ шуданро боиси ифтихор медонанд.