ИДОМАИ ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ВА МАЪРАКАИ СУПОРИДАНИ ҲАҚҚИ АЪЗОГӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва ҷиҳати иҷрои дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ масъулини кумиҷроияи шаҳри субҳи 29-уми ноябри соли ҷори 2022 аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Маорифчиён”-и дар ҳудуди шаҳри Левакант дидан намуданд. Зимни омӯзиши фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии номбурда масъулин оид ба ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дастури методӣ доданд. Ҳамчунин, бо шахсони масъули ташкилот оид ба қабули аъзоён ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Шӯъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант