СОАТИ СИЁСӢ - БОИСИ БЕДОР ГАРДИДАНИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасотӣ миллӣ, мактабу маориф нақшаи амалиёти  муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  МТМУ №6  ноҳияи Балҷувон бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни хонандагон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзӯҳои зерин: “Вазъи сиёсии Тоҷикистон” “ Нақши  Иҷлосияи XVI-–уми Шӯрои Олӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон”, “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву  иқтисодии кишвар” гузаронида шуд.