“Соати сиёсӣ”- мусоидат ба васеъшавии ҷаҳонбинии хонандагон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ “Соати сиёсӣ” бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Неъматзода Фарзона ва директори муассисаи номбурда Давлатова Ҷамила баргузор гардид.

Зимни “Соати сиёсӣ” қайд гардид, ки амалиёте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст, ташаббуси саривақти буда, баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавонон мусоидат менамояд.