РОҲСОЗИ, ЯКЕ АЗ АМАЛҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ”-и  Ҷамоати деҳоти Панҷ 1,5 км роҳи кӯчаҳои деҳаи Сомонӣ бо ҷалби сокинону фаъолони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш карда шуд.

Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия зимни чорабинӣ  бо сокинон ва фаъолони ҳизб  оид  ба  ҳадафҳои  пайгиронаи  ҲХДТ дар  татбиқи  ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардида ва  саҳм  гузоштан  дар истиқболу  таҷлили   сазовори ҷашни 35-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки вазифаи  ҳар  як  фарди  ватандӯст ин саҳм гузоштан баҳри боз  ҳам  ободу  зебо гардидани  Ватани азизамон мебошад.