“ПЕШВОИ МАН – ИФТИХОРИ МАН”

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои ман – ифтихори ман” баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” кулли сокинони ноҳияи Муъминободро ба Рӯзи Президент табрик намуда, иброз карданд, ки таҷлили Рӯзи Президент иқдоми некест барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рафти аксияи мазкур кормандони Кумита вобаста ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар бунёди ватандорӣ ва нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдорӣ дар кӯчаҳои марказии ноҳия гардиш намуда, ба сокинон аксҳои Президент ва варақаҳои табрикотӣ тақдим намуданд.