ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ  НАВОИИ  НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ КОРҲОИ ОБОДОНӢ  ҶАРАЁН ДОРАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар ҷамоати деҳоти Навоӣ деҳаи Фрунзе-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷараён доранд.

Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рафти корҳои ободонӣ аз наздик дидан намуданд.