Нафақаи ҳизбӣ дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраст карда шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 04-уми ноябри соли равон бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза бахшида ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати як нафар маъюб- Тағоева Шаҳноза, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ рафта, дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.
Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.