Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати шаҳраки “Киров” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” баргузор гардида зиёда аз 3 км роҳи маҳаллаи мазкур сангфарш карда шуд.
Дар ҳашари дастаҷамъона аъзоёни фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷ/ш.Киров” фаъолона ширкат варзида, дар ободии маҳалли худ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.