Ташаббусҳои ҳизбӣ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. 

Мумфаршкунӣ яке аз самтҳои асосии ташаббуси дар боло зикр гардида баҳисоб рафта, бобати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон 6000 метр роҳҳои мошингарди Ҷамоати шаҳраки Вахш  мумфарш карда шуд.