ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара корҳои ободонию созандагӣ бо маром рафта истодааст. Дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатманд Маҳаллаи №4 ва кӯчаи А. Синои  Ҷамоати шаҳрак дар масофаи зиёда аз 1700 метр сангфарш ва азнавсози  карда шуда, дар масофаи 2 километр мумфарш гардид. Аҳолии маҳаллаи мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд.