АМАЛИЁТИ «МАКТАБИ МАН» ОМИЛИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ МАОРИФ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар таърихи 29-уми октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол Амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони- “Мактаби ман” бо иштироки хатмкардагони солҳои гузаштаи муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар рафти ин амалиёт маъмурияти муассиса оид ба камбудиҳои дар муассисаи таълимии номбурда ва расонидани кумакҳои башардӯстона ҷиҳати таъмини шароити хуби таълимӣ ва бартараф намудани онҳо бо хатмкардагон вохӯрӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Амалиёти муштараки - “Мактаби ман”- ҳадафи созандаву бунёдкорона буда, дар тарақиёту пешрафти соҳаи маорифи кишвар метавонад саҳми беназири хешро гузорад.