“Соати сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоии “Арал”-и ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29.10.2022 дар МТМУ №2-и ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири маорифи ноҳияи Солеҳзода Рустам ва омӯзгорони собиқадор амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” барои хонандагони муассисаии мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Солеҳзода Рустам зимни баромади хеш- оиди  нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон ва Сафар Ҳафиза – оиди тарбияи ҳарби-ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ суханронӣ карданд. 

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Соати сиёсӣ бо мақсади баланд бардоштани мафкураи сиёсии наврасону ҷавонони синни 12-24-сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешавад.