ТОЗАКУНИИ ОРОМГОҲҲО

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси Нақшаи муштарак ҳашарҳои дастаҷамъона ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ ҳашарҳои дастаъамъона доир карда мешавад. Иштироки сохторҳои масъул намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, имомхатибон, раисон ва сокинони деҳаю маҳаллаҳо дар тоза намудани оромгоҳҳо бевосита мебошад.
30-уми октиябр аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ амалӣ намудани Нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” ба роҳ монда шуда, зимни ҳашарҳои дастаҷамъона, дохилу атрофи қабристонҳо аз алаф ва растаниҳои худрӯй, шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон тоза карда шуд.