СОАТИ СИЁСӢ - ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ҶАВОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Б.Ҳакимов-МТМУ №61”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Аз ҷониби масъулон қайд гардид, ки “Соати сиёсӣ” иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар рӯҳияи ҷавонон боз ҳам беҳтар гардонида, онҳоро водор месозад, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва хоки ин сарзамин ҳамеша омода бошанд. Кӯшиш намоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдиду хатарҳои беруна ҳифз кунанд ва ба муқаддасоти он арҷ гузоранд.