ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати ичтимоии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхорӣ ба гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа аз тарафи фаъолонӣ ҲХДТ мунтазам тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Дар ин замина дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷалби фаъолони ҳизб ва эҳсонкорон ба тарбиятгирандагони Хонаи бачагони ноҳия дастархони идона ороста, зимнан бо онҳо дар мавзуҳои Истиқлолияти давлатӣ, худшиносию худогоҳӣ ва омӯхтани илмҳои замони муосир, иштирок дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” суҳбат оростанд.