САРБОЗИ ИХТИЁРӢ АЗ ҲХДТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бузургтарин нерӯ барои таъмини амнияти кишвар ва пойдории сулҳу суботу оромӣ ва истиқлоли кишвар ба ҳисоб рафта, асоси ин қувваро ҷавонони далеру шуҷои Ватан ташкил медиҳад.

Имрӯз кам нестанд ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда, содиқона ва самимона баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, пойдории ваҳдату ягонагӣ ва оромию осудагии наздикон ҳозиранд, ки то охирин нафас мубориза баранд.

Дар доираи нақша – чорабиниҳои ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба як тан аз чунин ҷавонони шуҷои Ватан, Бозоров Бозоралӣ, сокини Ҷамоати шаҳараки Муъминобод барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ мулоқот доир карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин зимни суҳбат бо Бозоров Бозоралӣ иброз намуданд, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва таъмини сулҳу оромии кишвари азизамон - Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар, хусусан ҷавонони он буда, ҳастии чунин мардони боирода дар сафи Артиши миллӣ кафили истиқлолу озодии кишвар аст.

Дар идома аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба Бозоров Бозоралӣ шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ тақдим карда шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуд.