ҲАМОИШИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25.10.2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон бо иштироки Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин – узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён, Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Аҳмадҷон Ализода - раиси собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, вакилони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзои фаъоли ҳизб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Дар ҳамоиши болозикр Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин – узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии ТоҶикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён, Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Аҳмадҷон Ализода - раиси собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии ТоҶикистон дар вилояти Хатлон, Ҳалимов Сафаралӣ – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Кӯшониён ва Алихонова Рухшона – аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Стоматология ” оид ба аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии ҷавонон ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд.