ҲАМОИШИ ҲИЗБӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи Аксияи ҷумҳуриявӣ “Албом-Эстафета” дар толори муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и назди ДБССТ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси шаҳри Левакант Неъматулло Кабирзода ва иштирокчии Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Саидов, собиқадорон ва фаъолони ҳизб ҳамоиш доир гардид.

Саравал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфта ба ҳамоиши мазкур ҳусни оғоз бахшида суханро ба муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз дод.

Ҳусейнзода Наврӯз зимни баромади хеш аз ҷумла ироа дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод баҳри рушди Истиқлоли давлатии кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.

Файзулло Саидов зимни баромади хеш қайд намуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии кишвар бағоят бузург аст. “Албатта то раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон қарор қабул нашуда буд. Пас аз оне, ки ба ин вазифа интихоб шуданд, 28 қарор қабул гардид, ки ин ҳама дар он шароит хеле муҳиму саривақтӣ буданд.

Дар дили Роҳбари давлат ҳеҷ ҳаросе аз душман набуд ва мақсади ягонаи ӯ танҳо сарҷамъ намудани мардуми пароканда ва обод намудани Тоҷикистон азиз буду халос.

Ҳар яки мо бояд ба қадри ин ободию сулҳу суботи мамлакат расем, зеро ин ҳама маҳз бо талошу заҳматҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадаанд”.

Ҳамчунин, иштирокчиёни дигари ҳамоиш доир ба ин санаи тақдирсози миллат - Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, нақши иҷлосияро дар пойдории сулҳу суботи кишвар муҳим ва саривақтӣ арзиёбӣ намуданд.

Дар охир иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳбаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуда, як қатор фаъолони ҳизб бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба якчанд нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.