РОҲПАЙМОИИ ИШТИРОКЧИЁНИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА" ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шарафманди ноҳияи Кӯшониён дар шоҳроҳи маркази ноҳия роҳпаймоӣ доир намуданд.

Дар роҳпаймоӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, Раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора инчунин, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Кӯшониён ширкат варзиданд.