ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН ҶАШНИ НИЁГОНИ МОСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба муносибати баргузор намудани ҷашни Меҳргон дар ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён"-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 ноҳияи Кӯшониён  чорабинӣ таҳти унвони  “Малико, ҷашни Меҳргон омад” ва озмуни "Тирамоҳи заррин" миёни хонандагони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарият ва масъулини муассиса ширкат варзида нахуст аз хаймаҳои оростаи хонандагон, ки саҳни толорро оро дода буд дидан намуданд. Дар гӯшаҳо маҳсулоти полезӣ ва заҳмати марди деҳқон, ки хоси ҷашни Меҳргон ва рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон мебошад ба намоиш гузошта, хонандагон меҳмоноро дар назди хаймаҳои оростаи хеш бо шеъру гуфторҳо ва суруду саҳнаҳо дар васфи ҷашни аҷдодии мардуми тоҷик - Меҳргон ва расму оини хоси ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёд истиқбол карданд.

Сипас дар фарҷоми чорабинӣ беҳтаринҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса муайян гардида бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.