Боздид аз дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Восеъ зимни баргузории Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20.10.2022 зимни баргузории силсила чорабиниҳо бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи  Аксияи Ҷумҳуриявии “Албом -Эстафета” меҳмонон дар баробари дигар намоишҳо ҳамчунин аз дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Восеъ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ варзишгарони ноҳия  дастовардҳои дар замони соҳибистиқлолӣ ноил гардидаашонро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида, ҳамзамон дар назди меҳмонон усулҳои гуногуни варзиширо намоиш доданд.