ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁН ВА МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фархор ҳамоиши ҳизбиён, сокинону фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ҳамоиш вакили Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Ҳасан, вакили Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода  бо собиқадорону фаъолони ноҳия мулоқот намуда, оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштанд.

 Вохӯриҳои сокинони ноҳияи Фархор бо вакилони Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои муҳими Аксияи “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” арзёбӣ мегардад. Зеро мардум дар ин вохӯриҳо аз суҳбати бевосита бо шоҳидони воқеии даврони оғози бунёди давлатдорӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими рукнҳои давлати тозаистиқлоламон огоҳӣ пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ то дер гоҳ дар фазои ноҳияи Фархор чорабиниҳои сиёсиву фарҳанги бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва сокинону ҳизбиёни ноҳия бо хушнуди аз ин ҷашн истиқбол намуданд.