ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара миёни аҳолии ноҳия корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оиди азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳо, меҳмонхонаву шоҳроҳҳо баргузор карда мешавад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” миёни сокинони ноҳия ин ташаббуси ҳизбиро иқдоми саривақтӣ гирифта,  иншооти гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯйӣ бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ташаббуси роҳандозинамудаи ҳизбиёнро сокинони ноҳия иқдоми саривақтӣ дониста, дар азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматии худ ва дигар ҷойҳо саҳми хешро хоҳанд гузошт.