ҲАМОИШИ ЧОРАБИНИИ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА”

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Қасри Фарҳанги ноҳия баргузори ҳамоиш ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихии 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” идомаи мантиқии чорабиниҳои ҷашнӣ арзёбӣ гардид, ки дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода,  муовини раиси ноҳия Файззода Меҳриниссо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳомидов Шариф ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳия Сафаров Ғанӣ оид ба нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар суханронӣ намуданд.