КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо нақши фаъолонаи аъзоёнии ҲХДТ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  басо  назаррас  аст. Бо ҳамин мақсад корҳои таъмиру тармим дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома доранд.

Масъулину кормандони ташкилоти ибтидоии “Мактаби Президентӣ” дар ин кор саҳми босазо дошта, ҷиҳати тайёри ба давраи зимистонгузаронӣ дар деҳаи Механизатори ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён қубурҳои обгузари валангоршударо  аз  нав таъмиру иваз намуда  истодаанд.