ҲХДТ-ДАР ОБОДУ ЗЕБО ГАРДИДАНИ ТОҶИКИСТОН САҲМГУЗОР АСТ.

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон №26 аз 10-уми октябри соли 2022 оид ба корҳои ободониву тозагӣ дар гирду атрофи кӯчаву маҳаллаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ , ташкилоту корхонаҳо, иншоотҳои маҳаллаю деҳаҳо, тоза кардани роҳу кўчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар чорабинии ободониву тамизкорӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкати фаъолона варзиданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар рӯзи шанбе дар тамоми деҳаи маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ва дар назди корхонаву муассисаҳо шанбегӣ баргузор намуда, ҷӯйборҳоро аз партовҳо ва аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуда, гирду атрофи биноҳоро таъмир намуда, заминҳои ҳудуди муассисаҳо нарм карда мешаванд.