ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР МЕҲМОНИИ КИТОБХОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафарбарнамоии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Парастор Бадарғаева Сурайё  хонандагони мактаб интернат аз китобхонаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Хонандагон дар китобхона, махсусан аз гӯшаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дидан намуданд.