БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ: “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Вахш:  

 Муҳити мо муҳимтарин чизест, ки мо дар ин ҳаёт дорем ва барои тоза ва зебо нигоҳ доштани ин муҳити зист, мо бояд қадамҳои мушаххас, муҳим ва муташаккилро барои солим ва тоза нигоҳ доштани муҳити зистамон бо амалҳои зерин анҷом диҳем: Коркарди партовҳо ва партофтани партовҳо дар ҷойҳои дуруст, бо мақсади таъмини фазои тоза ва бӯи мушаххас, аз лой, планктон ва бактерияҳои идоранашаванда. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти тозаву озода нигоҳдоштани муҳити зист ва ба кишвари сабз табдил додани Ватани азизамон дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” роҳандози гардидааст, ки аз тарафи аъзоёни тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Вахш  ҳамовозии хешро ёфтааст ва дар ин доира аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба  ҳашари дастаҷамъона баромад саҳми хешро дар ин самт гузошта истодаанд, ки масъулини кумитаи иҷроияи дар ноҳия дар назди бинои маъмурии кумита  ба ҳашар баромада бо тоза намудани гирду атрофи бино   саҳмгузори намуданд.

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.