СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ “ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛ ШУДАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДРАВ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳафтаи охири ҳар моҳ бо мақсади шинос намудани наврасону ҷавонон ба вазъи сиёсии кунунии ҷаҳон ва Тоҷикистон, дар ин замина огоҳ намудани онҳо аз хатару таҳдидҳои гуруҳҳои ифротиву радикалӣ ва арҷгузорӣ бо таъриху тамаддуни миллат амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман”  баргузор карда мешавад.

Дар ин асно таърихи 27 апрели соли 2024 бо иштироки омӯзгорону собиқадорон ва хатмкардагони муассисаи мазкур  дар МТМУ №80, “Соати сиёсӣ” дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав”  доир гардид.

Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад ва мо аҳли ҷомеа алалхусус Шумо ҷавононро имрӯзҳо зарур аст, ки бо донистани таъриху тамаддуни хеш барои пешрафту тараққӣ ва ҳимояи ин сарзамини аҷдодӣ аз тамоми хатару таҳдидҳо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода дар роҳи созандагиву ободкорӣ камар баста бошед.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш