ДАР ТИ “РӮДАКӢ” МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДА ШУД

Вахш:  

 Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки дар тӯли бист соли охир тӯфонҳо, сунами, ярчҳо, заминларза ва офатҳои дигари табиӣ дар сайёраи мо чаҳор маротиба бештар ба вуқӯъ меоянд. Олимон ва муҳаққиқон робитаи мустақими гармшавии глобалӣ ва афзоиши теъдоди катаклизмҳои табиӣ ва офатҳои ногаҳониро дар сайёраи мо исбот намудаанд. Агар дар солҳои 80 уми асри гузашта ҳар сол дар дунё 120 катаклизми табиӣ ба вуқӯъ омада бошад, пас дар айни замон шумораи офатҳои ногаҳонӣ дар як сол қариб 500 ҳодисаро ташкил медиҳад. Тағйирёбии иқлим на танҳо ба мушаххасоти асосии иқлим, инчунин ба шиддати зуҳури ҳодисаҳои хатарноки гидрометеорологӣ таъсири муҳим мерасонад. Бо мақсади огоҳ намудан ва омодабошии аҳолии кишвар дар тамоми ҳолатҳои фавқулода дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки таҳрези гардида, дар ТИ “Рӯдакӣ” машқҳои тактикиву омодабошӣ байни аҳоли ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор карда шуд, ки дар рафти чорабинии мазкур мутахассисон оид ба чи гуна рафтор намудан ва иҷрои амалҳои заруриро дар ҳолатҳои мазкур ба аҳоли фаҳмониданд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.