ВОХУРИИ НАВБАТӢ ГӮРУҲИ КОРӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАЛҚАЁР”

Темурмалик:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, гӯруҳи корӣ  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид, муовини раиси ноҳия Файзодда Меҳриниссо,  Мудири шуъбаи маориф Асомуродзода Қурбоншоҳ, раиси ташкилотӣ ибтидои Давлатов Ҳамроҳ, бо кормандони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳалқаёр оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

           Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода  Маҳмасаид  дар суханрониашон   қайд кардаанд, ки падару модаронро зарур аст, дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд ҳис намоянд. Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, забономӯзӣ бояд тарбия намоянд.