МАҶЛИСИ РАЁСАТӢ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Темурмалик: Ҳисобот  

Санаи 29–уми Апрели соли равон дар толори Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Темурмалик Маҷлиси Раёсатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, муовини раиси ноҳия муҳтарам Аслиддин Айниддин, аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони Ҳизб баргузор гардид.

         Ба рӯзномаи маҷлиси баррасии 4 масъала пешниҳод карда шуд:

  1.  Натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;
  2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
  3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

         Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид  кушода оид ба  фаъолияти 3 моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда ҳисобот пешниҳод намуд,

         Масъалаҳои дар рӯзномаи Раёсатӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик гузошта шуда пурра баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

        Дар фарҷоми Маҷлиси Раёсатӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба фаъолони аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Кушктеппа” Туйчиев Маҳмадулло, Асомуддинов Аҳлиддин бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик мукофотонида шуданд.

      Инчунин ба 4 нафар ҷавонон Шаҳодатномаҳои Ҳизбӣ Супорида шуд.