СӮҲБАТУ ВОХУРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Темурмалик:  

 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид дар ҷамоати деҳоти Кангурт деҳаи Сафарбоён бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ҳосили такрорӣ, ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ҷавонон аз ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳро бо усули Хона ба Хона роҳандозӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Темурмалик дар табиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва бармаҳал ба иҷро расонидани нақшаи даъвати баҳорӣ саҳми сазовор мегузоранд.