МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ҶИҲАТИ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

Темурмалик:  

 Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули “Хона ба Хона”  вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст.

           Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид дар  Ҷамоати деҳоти  Кангурти ноҳия вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.

          Дар вохӯрӣ ба сокинони ҷамоати номбурда оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

     Бояд қаид намуд, ки сокинони ноҳияи Темурмалик дар табиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва бармаҳал ба иҷро расонидани нақшаи даъвати баҳорӣ саҳми сазовор мегузоранд.