БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд”-и ноҳия баргузор карда шуд. Фаъолони ҳизбӣ дар атрофи бинои ташкилот корҳои ободони намуда, гулҳо ва бехи дарахтонро аз алафҳои худруй тоза намуданд.

          Бояд қайд намуд, ки дар доираи Аксияи номбурда, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба ҳашари дастаҷамъона баромада, саҳми хешро дар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия гузошта истодаанд.